Пайвандҳои дастрасӣ

Нируҳои машқдидаи Афғонистон афзоиш меёбад


Роберт Коун-генерали амрикоӣ, ки дар Афғонистон масъулияти тамрини нируҳои амниятии ин кишварро бар уҳда дорад, гуфтааст, интизор меравад, ки то поёни соли ҷорӣ шумораи нируҳои машқдидаи артиш ба 75-ҳазор нафар бирасад. Аммо генерал Коун гуфтааст, омузиш дар нируҳои пулис ва ҳавоӣ ба кундӣ пеш меравад. Ба гуфтаи генерал роберт Коун, ҳоло дар суфуфи артиш 57 ҳазор ниру мавҷуд аст. 9-ҳазор нафари дигар омузиш мебинанд.
XS
SM
MD
LG