Пайвандҳои дастрасӣ

Триллион доллар барои хариди ғизо


Созмони Милал мегӯяд, зоҳиран имсол кишварҳои ҷаҳон дар ҳаҷми бештар аз 1 триллион доллар маводи ғизоӣ ворид хоҳанд кард. Муассисаи кишоварзӣ ва озуқаи Созмони Милал гуфт, аз болоравии қимати маводи ғизоӣ аз ҳама бештар кишварҳои фақире ранҷ хоҳанд кашид, ки маводи ғизоиро аз хориҷ мехаранд. Ба гуфтаи созмон, хароҷоти онҳо барои хариди маводи ғизоӣ то 40 дар сад меафзояд, ки ин "равандест нигаронкунанда." Ҷаҳиши нархи маводи ғизоӣ дар саросари ҷаҳон соли гузашта бар асари талаботи зиёд, гарон шудани баҳои нафт, ва истифодаи ғалладона барои тавлиди сӯзишворӣ ба миён омад.

XS
SM
MD
LG