Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафари раисҷумҳури нави Русия Дмитрий Медведев ба Қазоқистон хабари хуше барои раиси ҷумҳури Ӯзбакистон нест. Чаро ки Нурсултон Назарбоев ва Ислом Каримов аз соли 1991 аз замони соҳиб шудан ба истиқлол барои бозигари аслӣ шудан дар Осиёи Марказӣ мусобиқа мекунанд. Сафари Медведев ба Қазоқистон як нишонаи дигари он аст, ки Қазоқистон дар ин мусобиқаи минтақавӣ пирӯз мешавад.

Брюс Паннир

Дуруст ҳашт соли пеш раисҷумҳури пешини Русия Владимир Путин сафарҳои хориҷии худро нахуст аз Ӯзбакистон шурӯъ карда буд. Аммо имсол баръакс раисҷумҳури нави Русия ба кишваре сафар кард, ки батадриҷ пешвои Осиёи Марказӣ мешавад. Нақше ки Ӯзбакистон аз дер боз онро мехоҳад ва барои ҳамин ба Қазоқистон ҳасад мебарад. Ҷон Маклеод, яке аз сардабирони Пажӯҳишгоҳи ҷанг ва сулҳ мегӯяд, зоҳиран Қазоқистон солҳои тӯлонӣ нақши пешворо аз даст нахоҳад дод.

Қазоқистон аз назари ҷуғрофӣ бузургтарин кишвари Осиёи Марказист, вале Ӯзбакистон сераҳолитарин кишвари минтақа ва ҳарду аз соли 1991 ин тараф мехоҳанд пешвои минтақа бошанд.

Сафари чанде пеши Каримов ба Остона ва аз тарафи ӯ рад шудани пешниҳоди Нурсултон Назарбоев барои таъсиси як навъ Иттиҳодияи кишварҳои Осиёи Марказӣ нишонаи дигарест, ки рақобат ҳанӯз ҳам идома дорад.

Аммо ба гуфтаи Ҷон Маклеод, Ӯзбакистон дар ин мусобиқа усулҳоеро истифода кард, ки ҳосили хуб надоданд. Масалан, солҳои аввали истиқлолият ҳукумати Ислом Каримов роҳи дӯстии наздик бо Ғарбро пеш гирифт ва Русияро ба қавле фаромӯш кард, аммо Қазоқистон баръакс бо вуҷуди ҳамкорӣ бо Ғарб, дар бари Русия истод. Нурсултон Назарбоев ҳатто боре Русияро “ҳамсояи худододи Қазоқистон” номидааст. Ин роҳи пешгирифтаи Қазоқистон дар ниҳоят ҳосил дод. Ҳоло ин кишвар аз ҳамкории зичи энержӣ бо Русия манфиатҳои зиёди молӣ мегирад. Русия аз тарафдорони аслии он буд, ки Қазоқистон раҳбари давраии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо шавад. Орзуе, ки соли 2011 Қазоқистон ба он хоҳад расид.

Аммо рафтору обрӯи раисҷумҳурони Қазоқистону Ӯзбакистон дар сиёсати Русия нисбат ба ду кишвар ҳам нақши чашмгире доштааст. Ба гуфтаи Ҷон Маклеод, ҳарчанд Русия зимни ошӯбҳои хунини Андиҷон, ки обрӯи Ислом Каримовро рехт тарафи ӯро гирифта бошад ҳам, аммо андеша кард, ки воқеан ӯ шоистаи раҳбарӣ дар Ӯзбакистон ҳаст ё на. Аммо шахсияти Назарбоев ба гуфтаи Ҷон Маклеод дигар аст. Ба гуфтаи таҳлилгар аз Пажӯҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳ дар Лондон Нурсултон Назарбоев ҳамчунин пайваста аз Иттиҳоди кишварҳои ҳамсуд ҳимоят мекард, чизе ки наметавон дар бораи Ӯзбакистон гуфт.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG