Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бан Ги Мун дар Мянмари вайроншуда


Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Бан Ги Мун дар Мянмар аст, то аз раҳбарони низомии ин кишвар бихоҳад, ки барои бозмондандагони тӯфони харобиовар, кумакҳои бештари хориҷиро бипазиранд. Бан Ги Мун бо нахуствазир Тейн Шейн мулоқот кард, аммо доир ба ҷузъиёти он чизе гуфта нашудааст. Дабири кулли Созмони Милал баъдан таввасути ҳавопаймо ба ҳавзаи рӯдхонаи Ирравадӣ сафар кард, то ин минтақаи харобу валангоршуда аз тӯфонро бубинад. Дар инҷо се ҳафта пеш тӯфони Наргис, 78 ҳазор нафарро кушт ва 56 ҳазор нафари дигарро бенишон кард. Муассисаҳои имдодии хориҷӣ мегӯянд, бештар аз 2,5 миллион нафар дар Мянмар мӯҳтоҷи кӯмакҳои фаврӣ ҳастанд ва бисёре аз онҳо аз бемориву гуруснагӣ ранҷ мебаранд. Бо вуҷуди ин ҳукумати Мянмар аз гирифтани кӯмакҳои васеъмиқёси хориҷӣ худдорӣ меварзад.

XS
SM
MD
LG