Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иддаъои Саакашвилӣ доир ба интихобот


Раиси ҷумҳур Михаил Саакашвилӣ даъво кард, ки ҳизби ӯ дар интихоботи порлумонии Гурҷистон пирӯз шудааст, аммо мухолифони давлат мегӯянд, ки мақомот дар интихобот тақаллубкорӣ кардаанд. Михаил Саакашвилӣ гуфтааст, Ҷабҳаи Ваҳдати Миллӣ тақрибан аз се ду ҳиссаи 150 курсиҳои порлумони Гурҷистонро аз они худ кардааст. Кумиссиёни интихоботӣ баъди шумориши қисме аз раъйҳо гуфт, ҳизби Михаил Саакашвилӣ 63 дар сади раъйи мардумро ба даст овардааст. Эътилофи аҳзоби мухолиф 14 дар сади раъйҳоро аз они худ кардаанд.

XS
SM
MD
LG