Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 8 ғайринизомӣ дар Ироқ


Пулиси Ироқ мегӯяд, бар асари ҳамлаи мушакии як ҳавопаймои амрикоӣ дар шаҳри Баиҷӣ шимоли Бағдод ҳашт ғайринизомӣ, аз ҷумла ду кӯдак кушта шудаанд. Ба гуфтаи пулис, мушак ҳангоми сафари афрод дар мошин ба онҳо асобат кардааст. Сухангӯи артиши Амрико гуфт, мошин бо вуҷуди амри нигаҳ дор, ҳаракаташро давом додааст ва аз ин рӯ чархбол ба сӯи он тир андохтааст. Айни замон дар ду ҳодисаи алоҳида дар шаҳрҳои Бағдод ва Бақуба ду хабарнигори ироқӣ кушта шудаанд. Яке аз хабарнигорон тасодуфан ҳангоми даргирие ба ҳалокат расида ва ҷасади хабарнигори дуввумро, ки ду рӯз пеш ӯро дар Бақуба рабуда буданд, пайдо кардаанд.
XS
SM
MD
LG