Пайвандҳои дастрасӣ

Пирӯзии ҳизби раисҷумҳур дар Гурҷистон


Раисҷумҳур М. Саакашвилӣ аз натоиҷи муқаддамотии интихобот ба порлумони кишвари худ хеле розӣ аст

Раисҷумҳур М. Саакашвилӣ аз натоиҷи муқаддамотии интихобот ба порлумони кишвари худ хеле розӣ аст

Натиҷаҳои муқаддамотии интихоботи порлумонии Гурҷистон ҳокии ба пирӯзии чашмгир ноил шудани ҳизби раисҷумҳур Михаил Саакашвилӣ аст.

Натиҷаҳои муқаддамотие, ки Кумисюни марказии мнтихоботӣ (КМИР) нашр кардааст, далели он аст, ки ҳизби ба сарварии раисҷумҳур М. Саакашвилӣ «Ҷунбиши муттаҳидаи миллӣ» бештар аз 61%-и ороъро ба даст овардааст.
Дар мақоми дувум феълан гурӯҳи иттиҳоди мухолифон, ки тақрибан 15 дарсади ороъро касб кардааст, дар даст дорад.
Раҳпаймоии эътирозии мухолифин
Леван Гачечиладзе, раҳбари мухолифони Гурҷистон, билофосила изҳор дошт, ки дар натиҷаҳои интихобот ба нафъи президент ба тақаллуб роҳ дода шудааст. Аммо Давид Баркадзе, яке аз раҳбарони ҳизби ҳокими «Ҷунбиши муттаҳидаи миллат», дар посух ба ин изҳорот чунин гуфт: "Ба ҳар иттиҳоми маъқул расидагӣ сурат хоҳад гирифт ва, ман фикр мекунам, ки КМИР тасмими зарурӣ хоҳад гирифт, аз ҷумла тасмим дар бораи лағви натиҷаҳои интихобот дар баъзе ҳавзаҳо он гуна, ки қонун дар чунин мавридҳо пешбинӣ мекунад".
Бино ба гузоришҳо, ҳудуди 1000 нафар ҷонибдорони мухолифон ба нишони эътироз шабона дар Тифлис роҳпаймоӣ анҷом додаанд.
Пештар Гурҷистон нерӯҳои ҷудоихоҳи Абхозистонро муттаҳам карда буд, ки онҳо ба сӯи гурҷитабороне, ки аз ноҳияи Галӣ марзро барои раъйдиҳӣ убур кардаанд, тир андохтаанд. Мақомоти Гурҷистон мегӯянд, дар чунин тирандозӣ дастикам ду нафар ҷароҳат бардоштаанд. Ба таъйиди шоҳидон, ҷудоихоҳон ду автобусеро, ки раъйдиҳандагонро бояд ба қитъаҳои интихоботӣ мерасонданд, хароб кардаанд.
Аммо мақомоти ҷудоихоҳи Абхозистон ин хабарро рад карданд ва гуфтанд, ки дар ин кор онҳо даст надоранд.
Дар остонаи интихоботи порлумонии Гурҷистон муносиботи Гурҷистону Русия бар сари масъалаҳои Абхозистон ва Осетияи ҷанубӣ сард шуд ва тарафҳо якдигарро дар омодагӣ ба ҷанг муттаҳам мекарданд.
XS
SM
MD
LG