Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи футболи «Манчестер Юнайтед» (Манчестер, Бритониё) барандаи Ҷоми лигаи қаҳрамонҳои UEFA гардид.

Ин даста дар бозии ниҳоӣ, ки дар варзишгоҳи «Лужники»-и шаҳри Маскав, поцйтахти Русия, баргузор шуд, тими дигари Бритониё «Челси»-и Лондонро шикаст дод.
Замони асосии ин дидор бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт. Голҳоро дар дақиқаи 26-ум Криштиану Роналду, ҳамлагари «Манчестер Юнайтед», ва дар дақиқаи 45-ум нимҳимоятгари «Челси» Френк Лемпард ба самар расонданд.
Дар қисми дувум ва низ дар 30 дақиқаи вақти изофӣ ҳисоб тағйир наёфт. Аз рӯи зарбаҳои 11- метра бо ҳисоби 6:5 «Манчестер Юнайтед» пирӯз гардид.
Ҳамин тариқ, «Манчестер Юнайтед, ки дафъаи севум Ҷоми Лигаи қаҳрамонҳои Аврупоро ба даст овард, моҳи августи соли ҷорӣ дар Монте-Карло барои Суперкубок ё Ҷоми олии Аврупо бо дастаи «Зенит» (Санкт-Петербург, Русия) барандаи Ҷоми УЕФА, рақобат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG