Пайвандҳои дастрасӣ

Саакашвилӣ мегуяд, ки дар интихобот пируз шудааст


Михоил Саакашвилӣ-раиси ҷумҳури Гурҷистон гуфтааст, ки ҳизби вай, яъне Ҳизби Ҷунбиши Муттаҳидаи Миллӣ дар интихоботи порламонии дируз пируз шудааст. Вале мухолифони сиёсии вай гуфтаанд, ки мақомот дар натиҷаҳои интихобот ба тақаллуб роҳ додаанд. Аз қавли Саакашвилӣ мегуянд, Ҳизби Ҷунбиши Муттаҳидаи Миллӣ ба таъмини асарияти қонунӣ дар порламон наздик шудааст, ки он аз се ду ҳиссаи 150 курсии порламонро ташкил медиҳад. Натиҷаҳои муқаддамотии интихобот, ки Кумиссюни Марказии Интихоботӣ нашр кардааст, далели он аст, ки Ҳизби Ҷунбиши Муттаҳидаи Миллӣ бештар аз 60 дасади ороро ба даст овардааст. Дар мақоми дуввум гуруҳи Иттиҳоди Мухолифон бештар аз 14 дарсади ороро аз они худ кардааст. Леван Гачечиладзе-раҳбари мухолифони Гурҷистон билофосила изҳор дошт, ки дар натиҷаҳои интихобот ба нафъи президент ба тақаллуб роҳ додаанд. Бино ба гузоришҳо, ҳудуди 1000 нафар ҷонибдорони мухолифон ба нишонаи эътироз шабона дар Тифлис роҳпаймоӣ анҷом додаанд.
XS
SM
MD
LG