Пайвандҳои дастрасӣ

Укроин маҳдудияти судури орду ғалларо бардошт


Вазорати кишоварзии Укроин маҳдудияти судури орд ва ғалларо аз миён бардоштааст. Укроин яке аз бузургтарин кишварҳои содиркунандаи ғалла ба шумор меравад. Ин кишвар соли гузашта дар судури ғаллаву орд маҳдудият ҷорӣ кард ва он сабаби боло рафтани нархи орду ғалла шуд. Бонки Ҷаҳонӣ борҳо аз Укроин дархост кард, ки маҳдудияти судури ин маҳсулотро аз миён бардорад.
XS
SM
MD
LG