Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Манчестер Юнайтед" Ҷоми қаҳрамонҳои Аврупоро соҳиб шуд


Дастаи футболи "Манчестер Юнайтед" дар бозии ниҳоии Ҷоми қаҳрмонҳои Аврупо бар дастаи "Челсӣ" пируз шуд ва ин ҷомро аз они худ кард. Ин бозӣ дар варзишгоҳи Лужникии Маскав баргузор шуд. Дар ду қисми аслии бозӣ ҳисоб як бар як боқӣ монд. Дар 30 дақиқаи иловагӣ низ ҳисоб тағир наёфт ва натиҷаи ин бозиро зарбаҳо аз масофаи 11 метр муайян кард. Ҳар ду даста низ дастаҳои футболи Бритониё мебошанд, яке аз Манчестер ва дигарӣ аз Лондон.
XS
SM
MD
LG