Пайвандҳои дастрасӣ

Назархоҳиҳо бурди ҳизби ҳокимро пешгуӣ кардаанд


Натиҷаҳои назархоҳӣ дар Гурҷистон нишон медиҳад, ки ҳизби Михоил Саакашвилӣ-раиси ҷумҳури ин кишвар дар интихоботи порламонӣ бо аксарияти қотеъ баранда шудааст. Бино ба натиҷаҳои ин назархоҳӣ, ҳизби раиси ҷумҳур, яъне Ҷунбиши Муттаҳидаи Миллӣ 63 дарсади райи интихобкунандагонро ба даст овардааст. Дар мақоми дуввум гуруҳи Иттиҳоди Мухолифон тақрибан 15 дарсади ороро аз они худ кардааст. Леван Гачечиладзе-раҳбари мухолифони Гурҷистон билофосила изҳор дошт, ки дар натиҷаҳои интихобот ба тақаллуб роҳ додаанд. Аммо Давид Баркадзе-яке аз раҳбарони ҳизби ҳокими Ҷунбиши Муттаҳидаи Миллӣ гуфтааст, ҳар иттиҳом масъулият дорад ва ба он расидагӣ сурат хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG