Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бархӯрди рӯҳониён ба мубталоёни HIV


Сӯзандоруи фарсуда низ сабаби маризии HIV AIDS мешавад

Сӯзандоруи фарсуда низ сабаби маризии HIV AIDS мешавад

Барои нахустин бор рӯҳониёни Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дурнамои мубориза бо бемории HIV дар минтақаро баҳс мекунанд.

Саид Алназарӣ, мушовири Барномаи рушди СММ дар умури мубориза бо бемории HIV, мегӯяд, аксаран дар ҷомиъаҳои мусалмон аз мубталоёни ин мараз фосила мегиранд ва онҳоро бо ибороти «ҳаромкор» ва «худозада» маҳкум мекунанд. Оқои Алназарӣ, мегӯяд, ин вогири мудҳиш дар 25 соли ахир 40 милюн нафарро куштааст, ки дар миёни онҳо мусулмонҳову насрониҳо низ кам набудаанд: «Маъмулан, одамонфикрмекунанд, киинмаризӣтанҳобасариодамонибаддарҒарбмеояд. Онҳо иддаъо мекунанд, ки мо одамони хубем, мо мусалмонем, мо насронием ва ин маризӣ ба сари мо намеояд. Дар воқеъият бошад, ҳар як одам метавонад ба сабабе ба он гирифтор шавад. Ман чи гуфтан мехоҳам? Мехоҳам инро бигӯям, ки афроди гирифтори HIV метавонанд одамони комилан бегуноҳ низ бошанд. Ва набояд онҳо мавриди табъиз қарор гиранд».
Ӯ таъкид кард, ки дурӣ ҷустан аз мубталоёни вируси норасоии масунияти бадан иҷоза намедиҳад, то бовар бикунӣ, ки мубталоёни он одамони хубанд ва табъиз ин аст, ки одами гирифтори HIV набояд дар радио кор бикунад ва ё муаллиму пизишк бошад.
Оқои Алназарӣ ҳадаф аз баргузории чунин як давраи омӯзишӣ барои рӯҳониёни минтақаи Осиёи марказиро рафъи стигма ва ё доғи нангини HIV миёни мусалмонҳо унвон мекунад. Вай мутмаин аст, ки мусалмонҳо ба қавлу фатвои рӯҳониён гӯш медиҳанд ва баъд аз ин шояд бархӯрдашон бо гирифторони ин беморӣ тағйир кунад: «Агар ман гирифтори СПИД бошам, медонам, ки, агар раиси ман аз ин маризиям огоҳ шавад, маро аз кор меронад. Азинрӯ, манбаӯнамегӯям, вабаҳеҷнафаридигарниз. Аз ин рӯ, мо бояд талош бикунем, то стигма ва табъиз аз миён равад. Дар ин кор рӯҳониён журналистон метавонанд саҳм дошта бошанд. Мо ба журналистон ва рӯҳониён ниёз дорем».
Дар ҳамин ҳол, Яҳёхоҷа Абдуллозода, имоми масҷиди марказии вилояти Петропавловски Қазоқистон, низ бар ин аст, ки то ин муддат рӯҳониён ба гирифторони марази HIV бо «чашми бад» нигоҳ мекарданд. Аммо имрӯз ба натиҷае расидаанд, ки HIV на танҳо бо роҳи иртиботи ҷинсии ғайришаръӣ, балки бо роҳҳои мухталифи ғайричашмдошт низ мегузарад ва набояд ин одамонро маҳкум ва аз ҷамъият берун кард.
Қанибек Маматалиев, як рӯҳонӣ аз Қирғизистон, мегӯяд, омӯзиши мубориза бо HIV барои рӯҳониёни минтақа имкон медиҳад, ки ҳамкории миёни худро зич бикунанд ва дастҷамъона дар ин кор саҳм бигиранд, бахусус, дар замоне, ки ин беморӣ дар минтақаи Осиёи марказӣ «ҷон» мегирад.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, ки феълан дар кишвар бештар аз 1 100 гирифтори бемории HIV ба сар мебаранд. Ва дар чанд соли ахир тавлиди тифл аз модарони мубталои ин беморӣ низ ба қайд гирифта шудааст.
Ин ҳама дар ҳолест, ки рӯҳониёни Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон нийяти созмон додани маркази иттилоъотиву омӯзишӣ барои пайравони Ислом дар мавриди мубориза бо HIV-ро низ баррасӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG