Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИА хостори қатъи таъқиби баҳоиён дар Эрон шуд


Раёсати Иттиҳодияи Аврупо аз Эрон даъват кард, таъқиби пайравони ҷамъияти мазҳабии баҳоиёнро бас кунад. Ин мазҳаб дар қаламрави Ҷумҳурии исломӣ мамнӯъ эълон шудааст.

Словения, ки раёсати давраии Иттиҳодияи Аврупоро бар ӯҳда дорад, дар як баёния гуфт, ИА дар бораи, ба гуфтааш, табъиз ва таъқиби мудавоми баҳоиёни эронӣ ҷиддан нигарон аст. Ин баёния Эронро ба раҳоии баҳоиёни боздоштшуда даъват мекунад. Рӯзи сешанбе Эрон таъйид кард, ки шуморе аз пайравони мазҳаби баҳоияро бо иттиҳоми даст доштан дар иқдомоти зидди манофеъи миллии Эрон зиндон кардааст.

XS
SM
MD
LG