Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавофуқи давлати Покистон бо ҷангиёни дараи Сват


Як мақоми покистонӣ гуфтааст, ки давлати Покистон ҷиҳати сулҳ бо ҷангиён дар дараи Сват тавофуқ кардааст. Ин минтақаи воқеъ дар шимолу ғарби Покистон тайи чанд моҳи охир шоҳиди хушунатҳои мусаллаҳона буд.

Боҳир Билор, яке аз вазирони ҳукумати вилояти Шимолу Ғарби Покистон гуфт, тибқи созиши ҳосилшуда дар Пешовар, ҷангиён розӣ шудаанд, ба хушунатҳое, ки бо талаби эъмоли қонунҳои шариъат дар ин вилоят оғоз карда буданд, хотима диҳанд. Ҷузъиёти дигари ин созиш то ҳол дастрас нашудааст.

XS
SM
MD
LG