Пайвандҳои дастрасӣ

Радиои Озодӣ Қазоқистонро айбдор кард


Президент Назарбоев ҳангоми посух додан ба пурсиши истифодабарандагони интернет дар Остона, 7 июни соли 2007. Кишвари ӯ аз лиҳози дастрасӣ ба интернет дар минтақа пешсаф аст.

Президент Назарбоев ҳангоми посух додан ба пурсиши истифодабарандагони интернет дар Остона, 7 июни соли 2007. Кишвари ӯ аз лиҳози дастрасӣ ба интернет дар минтақа пешсаф аст.

Раҳбарияти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ҳукумати Қазоқистонро айбдор кард, ки аз дастрасии мардум ба сомонаи интернетии ин расона ба забони қазоқӣ ҷилавгирӣ мекунад.

Президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, Ҷеффрӣ Гедмин, инро "мудохилаи ҳадафмандона ва тавшишовар" номида, аз мақомоти Қазоқистон талаб кард, ин иқдом хотима гузоранд.

Ҳукумати Қазоқистон ва Ширкати давлатии мухобиротии ин кишвар ба чандин дархостномаи пайдарпайи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар бораи ғайридастрас шудани сомонаи қазоқии ин радио дар Қазоқистон то ҳол посух надодаанд. Аммо сар аз 11-уми апрел ин сомона дар шабакаи ширкати Қазтелеком нопадид гаштааст.

Аз он ҷо ки Қазтелеком таъминкунандаи асосии хадамоти интернетӣ барои ҳамаи Осиёи Марказист, вуруд ба сомонаҳои интернетии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ҳамчунин дар Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон низ ғайримумкин шудааст.

Президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, Ҷеффрӣ Гедмин мегӯяд, "мо дар ибтидо фикр кардем, ин як мушкили фаннист, аммо сарпечии ҳукумати Қазоқистон аз посух додан ба чандин дархости мо, далели мудохилаи ҳадафмандона аст. Агар онҳо ба ҳалли мушкил манфиатдор мебуданд, кайҳо метавонистанд, онро ҳал кунанд."

Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ маҷбур шуд, аз тариқи сомонаҳои дигар дастрасии хонандагонро ба торнамоҳои худ таъмин намояд ва ҳоло муштариён дар ҳар чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ ба сомонаҳои он ворид шуда метавонанд. Аммо гузаргоҳи пешина ва асосӣ ҳамоно баста боқӣ мондааст.

Матбуот дар Қазоқистон солҳост, зери фишор аст, аммо ҳоло таваҷҷӯҳи ҷаҳон ба бархӯрди ин кишвар бо озодии сухан ба мартиб бештар мебошад. Зеро Қазоқистон қарор аст, дар соли 2010 раёсати Созмони амният ва ҳамкории Аврупоро ба даст бигирад.

Ҳомиёни ҳуқуқи башар ва озодии баён раҳбарии хуби Қазоқистонро ба ин созмон зери суъол мебаранд. Кумитаи дифоъ аз журналистон гуфтааст, Ҳукумати Қазоқистон ба расонаҳои нашаротӣ назорати комил ҷорӣ карда, ҳамлаву фишор ба матбуотро нодида мегирад.

Баста шудани сомонаҳои радиои Озодӣ дар Қазоқистон дар ҳоле ба амал меояд, ки моҳи гузашта, торнамоҳои белорусӣ, балканӣ, тоҷикӣ, озарбойҷонӣ, форсӣ ва русии ин расона ба ҳамлаи густардаи интернетӣ рӯбарӯ шуданд ва барои чанд соат аз шабакаи ҷаҳонӣ нопадид гаштанд.
XS
SM
MD
LG