Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабаби рахна дар буҷетҳои маҳаллӣ


Ноҳамоҳангӣ миёни ҳокимиятҳои марказӣ ва маҳаллӣ, инчунин адами ҷалби ҷомиъаи шаҳрвандӣ дар таҳия нақшаи рушд ва буҷетҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистон монеаи ҷиддӣ дар роҳи иҷрои Барномаҳои давлатии коҳиши мизони фақр арзёбӣ мешаванд.

Ин нукта имрӯз дар расми муаррифии лоиҳаи муштараки Барномаи рушди СММ ва давлати Тоҷикистон таҳти унвони «Иқтидори маҳаллӣ ва минтақавӣ оид ба таҳия ва таҳқиқи барномаҳои рушд ва бюҷет» дар вазорати рушди иқтисод ва тиҷорат таъкид шудааст. Дар ин нишаст мутазаккир шудааст, ки адами истифода аз ниҳодҳои ҷомиъаи маданӣ дар раванди таҳия ва тасвиби бюҷет ва нақшаи рушд дар манотиқ боис шудааст, ки истифода аз маболиғи буҷа ва кумакҳои хориҷӣ дар бештари маворид бесамар анҷом ёбад.
Масъулини соҳаҳои банақшагирӣ ва бюҷети мақомоти маҳаллӣ дар Тоҷикистон омода нестанд дар таҳия ва тасвиби бюҷетҳои маҳаллӣ ва барномаҳои рушди маҳал бо ниҳодҳои ҷомиъаи маданӣ ҳамкорӣ кунанд. Мавҷудияти ин мушкил боиси кундии рушди иқтисоди маҳалҳо ва коҳиш наёфтани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар шудааст.
Мирзо Олимов, ҳамоҳангсози лоиҳаи муштараки барномаи рушди СММ ва Тоҷикистон, гуфт, ҳадаф аз ба иҷро гузоштани ин барнома ба вуҷуд овардани шароити ҳамкорӣ ва танзими ҳамоҳангӣ миёни ҳокимиятҳои марказӣ ва маҳаллӣ ва ҷалби ҷомиъаи шаҳрвандӣ дар таҳия нақшаи рушд ва бюҷетҳои маҳаллӣ дар кишвар аст. Зеро дар ҳоли ҳозир мақомот дар маҳалҳо аз нерӯ ва захоири ниҳодҳои ҷомиъаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ дар роҳи рушди манотиқ истифода намебаранд.
Дар ҳоле, ки давлат метавонад бо роҳандозии ҳамкорӣ бо ин қишри ҷомиъа бархе аз мушкилоти мавҷударо аз байн бубарад ва, аз сӯи дигар, новобаста аз барор ва ё нобарорӣ дар татбиқи ин ва ё он барнома ҷомиъаи маданиро шарик бидонад.
Ҳамин манбаъ афзуд, ки мушорикати ниҳодҳои ҷомиъаи шаҳрвандӣ ва намояндагони бахши хусусӣ махсусан дар таҳиву тасвиби буҷетҳои маҳаллӣ аз он ҷиҳат муҳим ва муфид хоҳад буд, ки масрафи оқилона ва муассири маболиғи буҷа ва кумакҳои хориҷӣ бештар ба роҳ монда шавад, ки дар ниҳояти амр ба боло бурдани сатҳи зиндагӣ ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол, Абдуғаффор Раҳмонов, муовини вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, тазаккур дод, ки сатҳи камбизоатӣ бештар дар вилоёти Хатлону Суғд ба мушоҳида мерасад. Ва дар муқоиса бо ин вилоятҳо зиндагӣ ва рӯзгори мардум дар навоҳии тобеъи марказ андаке беҳтар будааст.
Оқои Раҳмонов афзуд, ки дар ин навоҳӣ то андозае ҳамоҳангӣ ва ҳамкорӣ миёни марказ ва мақомоти маҳаллӣ ва ҷомиъаи шаҳрвандӣ хубтар ба роҳ монда шудааст.
Зимнан, лоиҳаи «Иқтидори маҳаллӣ ва минтақавӣ оид ба таҳия ва таҳқиқи барномаҳои рушд ва бюҷет», ки дар навоҳии водии Зарафшон ва Исфараву Конибодом дар вилояти Суғд ва Шӯробду Балҷувону Ховалингу Румӣ дар вилояти Хатлон ва Нуробод, Ҷиргатол, Тоҷикобод, Ваҳдат ва Турсунзода дар навоҳии тобеъи марказ табтиқ хоҳад шуд, барои солҳои 2008 то 2010 пешбинӣ шудааст. Ин барнома барои соли нахуст 820 000 ва дар маҷмӯъ бештар аз 3 миллион доллар харҷ доштааст, ки аз сӯи СММ маблағгузорӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG