Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамон гунае, ки пешгӯӣ мешуд, дар интихоботи номзадҳои демократ дар Кентаккӣ Ҳилларӣ Клинтон ва дар Орегон Барак Обама пирӯз омаданд.

Ин як сабқати тӯлонӣ буд, ки то ҳол идома дорад. Барак Обама ва Ҳилларӣ Клинтон дар набардҳо барои дарёфти мақоми номзади ҳизби демократи ИМА ба интихоботи раёсатҷумҳурии кишвар, ки моҳи ноябр баргузор мешавад, пешрафти тақрибан баробар доранд. Дар як аёлат Клинтон ғалаба мекард ва дар аёлати баъдӣ - рақибаш Обама. Вале бартарии андаки Обама бар Клинтон инак ба ӯ ҳаққ додааст, ки аз наздик буданаш ба пирӯзӣ суҳбат кунад. Вале Ҳилларӣ Клинтон аз идомаи мубориза даст кашиданӣ нест.
Натиҷаи мусовии 1:1 дар раъйгириҳои муқаддамотии тарафдорони ҳизби демократ дигар мисли як анъана шудааст.
Ҳамин тавр, дирӯз дар Кенттакӣ хонум Клинтон бо касби 65 дарсади ороъ дар муқобили 30 дарсади бадастовардаи оқои Обама баранда шуд. Аммо дар Орегон навбати пирӯзӣ аз Обама буд. 58 дарсади раъйдиҳандагон дар ин аёлат аз ӯ ва танҳо 42 дарсад аз рақиби сарсахташ Ҳилларӣ Клинтон тарафдорӣ карданд.
Б. Обама, ба ин тартиб, бартарии андакаш бар Ҳилларӣ Клинтонро нафақат ҳифз кард, балки пирӯзиаш дар Орегон чунин маънӣ дорад, ки ӯ акнун аксарияти мутмаъини ороъи вакилони анҷумани ҳизби демократро дар даст дорад.
Обама дар пайи маълум шудани натоиҷи раъйгириҳо дар Кентаккӣ ва Орегон ба аёлати Айова омад. Интихоби Айова ба ҳайси маҳалли эълони пирӯзии наздикаш беҳуда набуд.
Ӯ нахустин пирӯзии бузурги худ бар Ҳилларӣ Клинтонро дар моҳи январ дар ҳамин аёлат ба даст оварда буд. Барак Обама дар баробари издиҳоми тарафдоронаш дар Айова гуфт: “Имшаб, ки Айова ғарқи баҳор аст, мо бо кумаки онҳое, ки аз Портленди Орегон то Луисвилли Кентаккӣ баланд шуданд, ба Айова аксарияти ороъи вакилони аз сӯи мардуми Амрико интихобшуда дар даст баргаштем. Ва шумо моро ба касби мақоми номзади демократҳо ба симати раисҷумури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико наздик мекунед”.
Барак Обама инчунин гуфт, ки бозгашт ба Айова – ба ин нуқтаи атфи маъракаи пешазинтихоботиаш – ба хотири такмили давра аст. Давраи тӯлонӣ ва хастакунандаи мубориза барои касби мақоми номзади ҳизби демократ ба интихоботи президентӣ.
Вале, агар Обама умедвори бо ҳамин тамом шудани сабқаташ бо Ҳилларӣ Клинтон буд, иштибоҳ мекард.
Ҳ. Клинтон ба дунболи маълум шудани пирӯзии баръалоинааш бар Обама дар аёлати Кенттакӣ ба тарафдоронаш гуфт, ки аз идомаи мубориза даст кашиданӣ нест: “Бархе мегуфтанд, ки ороъи шумо муҳим нест, мегуфтанд, ин маърака тамом шудааст, мегуфтанд, ба ҳама иҷозати раъй додан ва шумурдани раъйи ҳамагон ба ҳар сурат иштибоҳ аст. Аммо ин шуморо манъ накард. Шумо аз ман даст накашидед, чунки медонед, ки ман ҳеҷ гоҳ аз шумо даст нахоҳам кашид”.
Раъйгириҳои муқаддамотии ҳизби демократ танҳо дар 3 аёлати дигар баргузор шуда, рӯзи 3-вуми июн дар аёлатҳои Монтана ва Дакотаи ҷанубӣ ба поён хоҳанд расид. Вале ин раъйгириҳо чандон ҳалкунанда нестанд ва наметавонанд пуштибонии дастикам 2026 вакили лозими анҷумани ҳизбро ба ҳеҷ яке аз довталабон таъмин кунанд.
Аз ин рӯ, Барак Обама акнун дидаи умед бештар ба сӯи супервакилони анҷуман дӯхтааст, ки аксаран мансабдорони ҳизби демократ буда, дар интихоби номзади ниҳоии ҳизб ба фарқ аз вакилони дар аёлатҳо интихобшуда озоданд.
Таййи ҳафтаҳои ахир шумори зиёде аз супервакилон ба сангари тарафдорони Обама гузаштанд, вале тақрибан 200 тан аз онҳо то кунун мавзеъи ниҳоии худро маълум накардаанд.
Тамаркуз бар сари супервакилон ин таассуротро, ки сабқати байни Обама ва Клинтон ба поён омадааст, бештар мекунад. 20-уми май ҳарду довталаб ба дунболи ин маъракаи набардҳои шадид якдигарро тавсиф карданд ва изҳор намуданд, ки ҳизби демократ бояд дар пешорӯи интихоботи саросарӣ аз як гиребон сар барорад.
Барак Обама акнун ҳарчи бештар ба рақиби ҷумҳурихоҳаш Ҷон Маккейн ҳамла мекунад, на ба Ҳилларӣ Клинтон. Аломати дигаре, ки низ аз ниҳоӣ шудани итминони Обама ба пирӯзиаш бар Клинтон дарак медиҳад.
XS
SM
MD
LG