Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустин бомби ҳастаии Шӯравиро дар Мурғоб сохтанд?


Роҳбари Пажӯҳишгоҳи биологии Помир академик Оғоназар Ақназаров нигарон аст, ки аз се пойгоҳи илмӣ-таҳқиқотии нодири воқеъ дар Помири Шарқӣ дутои онҳо ҳануз дар ҳолати ғайрифаъол боқӣ монда, танҳо яктоашон қисман фаъолият мекунад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи академик, натоиҷи таҳқиқоти илмии ин пойгоҳҳо дар соҳаи астрофизика арзишманд ва нодир арзёбӣ мешаванд.

Академик Оғоназар Ақназаров гуфт, ки пойгоҳи астрофизикии Шурбулоқ бо мақсади омӯзиши ритмикаи нурҳои офтоб ва наззораи ҷирмҳои осмонӣ таъсис шуда, дар ин ҷо таҷҳизоти нодиртарин истифода мешуд. Ӯ гуфт, пойгоҳ қаблан тобеъи чунин як муассисаи илмӣ - воқеъ дар маҳалли Пулковои Санкт-Петербург буд, аммо олимони рус натоиҷи таҳқиқоти пойгоҳи Шурбулоқро дақиқтар ва арзишмандтар эътироф менамуданд. Ба гуфтаи академик, сифати таҳқиқот дар пойгоҳи Шурбулоқ ба вижагии иқлимии Помири Шарқӣ бастагӣ доштааст. Вай гуфт, 250 рузи офтобӣ, осмони соф ва олуданашуда аз чангу ғубор ва дигар омилҳои баландкуҳӣ сифати таҳқиқотро дар ин пойгоҳ муайян кардаанд. Яке аз вижагиҳои минтақаи Шурбулоқ мавҷудияти радиатсияи табии аз ҳама зиёд дар наздикии ин маҳал будааст.

Пойгоҳи омузиши нурҳои кайҳонии Помир-Чқалтой, воқеъ дар маҳалли Акархари ноҳияи Мурғоб - яке аз муассисаҳои дигари илмӣ-таҳқиқотӣ аст, ки натоиҷи таҳқиқоти он дар физикаи бунёдӣ мавриди истифода қарор доштааст.

Дар ҳамин ҳол, пойгоҳи биологии Помир - воқеъ дар маҳалли Чечектеи Мурғоб бештар аз ҳама мавриди таваҷҷӯҳи мардуми минтақа ва сайёҳон қарор гирифтааст. Сокинони маҳал мутмаинанд, ки чунин як шаҳрчаи зеризаминӣ дар шароити куллан махфӣ ва дар як ҷои иқлимаш сарду кӯҳистон танҳо барои ҳадафҳои стратегӣ бунёд шуда, натоиҷи таҳқиқоти ин пойгоҳ дар тавлиди нахустин бомби ҳастаии собиқ Шӯравӣ истифода шудааст.

Такур Абдулкасымов, сокини кӯҳансоли маҳалли Чечекте, ки солиёни зиёде дар ин пойгоҳ кор кардааст, гуфт, сохтмони пойгоҳ дар соли 1936 шурӯъ шуд. Вай афзуд, ки дар ёд дорад, дар солҳои охири ҷанг ва баъдӣ дар ин ҷо асирони немис ва власовчиён кор мекарданд. Такур мегуяд, олимон аз Маскав ва Ленинград дар ин ҷо таҳқиқот мегузаронданд, аммо корҳои таҳқиқотиашон мӯҳри махфият доштанд ва барояш танҳо ин чиз маълум ҳаст, ки онҳо олимони соҳаи физикаи ядроӣ буданд. Ба қавли сокинони Чечекте, аз ин маҳал дар авохири солҳои 1940-ум худи падари силоҳи ҳастаии Шӯравӣ академик Курчатов дидан кардааст.

Аммо академик Оғоназар Ақназаров изҳор дошт, ки вай ин гуфтаи сокинонро на таъйид карда метавонад ва на рад, аммо бисёр олимони шинохтаи соҳаи физикаи ядроӣ пасон низ аз ин минтақа дидан кардаанд. Академик Оғоназар Ақназаров афзуд, ки аммо таҳқиқотҳои замоне анҷомшуда дар пойгоҳи Чечекте барои мутахассисони ватанӣ мармуз ва аз доираи ваколати ташреҳ дар бораашон берун мемонанд.

Роҳбари Пажӯҳишгоҳи биологии Помир гуфт, ки пасон пойгоҳи Чечекте ба ихтиёри Пажӯҳишгоҳ супорида шуда, алҳол қисман фаъолият дорад ва натиҷаҳои таҳқиқотии он дар барномаҳои ҳифзи муҳитзистии минтақа мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилоъи қаблӣ олимону тоҷику рус аз оғози соли равон бояд дар пойгоҳи Помир-Чқалтой ба омузиши нурҳои кайҳонӣ машғул мешуданд. Аммо бинобар иттилоъи ғайрирасмӣ, поён наёфтани баҳс бар сари ба моликияти кӣ мутааллиқ будани ин пойгоҳҳои нодир ин ҳамкориро ба бунбаст рубару кардааст.

Академик Оғоназар Ақназаров гуфт, ки Инъом Бобоҷонов - ягона мутахассиси ватании омӯзиши нурҳои кайҳонӣ, ки дар пойгоҳи Помир –Чқалтой кор кардааст, алҳол бознишаста мебошад. Академик дар чунин вазъ ягона умедро дар симои гурӯҳи мутахассисони ояндаи соҳаи астрофизика мебинад, ки алҳол дар Донишгоҳи миллӣ таҳсил доранд.

Аз сӯи дигар, академик дар шароити кунунии камбуди маблағ ва мутахассис чун як ҷузъи экотуризм истифода бурдани имконоти ин пойгоҳҳои нодирро ба мақсад мувофиқ мешуморад. Ба ақидаи академик, хоҳишмандони зиёди наззораи ҷирмҳои осмонӣ дар шароити табиии мусоид ва нодир ёфт мешаванд.

XS
SM
MD
LG