Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин дар Тоҷикистон ду корхона месозад


Миёни «Талко» (Ширкати алюминиюми Тоҷикистон) ва Ширкати давлатии тавлиди мошинолоти сангини Чин як қарордод ба имзо расид.

Ин қарордод, ки имрӯз, 20-уми май, дар Пекин ба имзо расидааст, дар мавриди сохтмони ду корхонаи истеҳсоли криолит ва фтори алюминий мебошад. Корхонаҳо бояд бо сармоягузории 30 миллион доллар дар ноҳияи Ёвони Тоҷикистон сохта шаванд.
Ҳадафи аслӣ аз сохтмони ин ду коргоҳ бо ашёи хоми ватанӣ таъмин кардани Корхонаи тавлиди алюминии Тоҷикистон унвон шудааст. Тибқи қарордоди миёни ширкати чинӣ ва «Талко» ё Ширкати алюминии Тоҷикистон ҷониби чинӣ мутааҳҳид шудааст, ки дар зарфи як сол сохтмони ин ду корхонаро ба анҷом бирасонад.
Дар баёнияи матбуотии ширкати «Талко» омадааст, ки тибқи барномаи истифода аз маводди хоми дохилӣ, ки рӯи даст гирифта шудааст, дар зарфи 5 соли оянда беш аз 60 дарсади мавод барои истеҳсоли алюминий дар Тоҷикистон ба даст оварда хоҳад шуд.
Феълан Тоҷикистон ҳар 6 таркиберо, ки аз онҳо алюминий истеҳсол мешавад, аз хориҷ ворид мекунад.
Ин дар ҳолест, ки, ба назари таҳлилгарон, барои он ки Тоҷикистон битавонад корхонаи алюминиюмро ба маводди хоми дохилӣ таъмин кунад, ба сохтани як силсила корхонаҳои дигар ва роҳҳо барои интиқоли маводди хом аз минтақаҳои кӯҳистонӣ зарурат дорад. Вале барои анҷоми ин тарҳҳо Тоҷикистон сармояи кофӣ дар ихтиёр надорад.
Ахиран ҳукумати Тоҷикистон барои баргузории аудит ва ё назорати молии байнулмилалии «Талко» мувофиқат кардааст. Ин иқдом низ ба манзури итминон додан ба сармоягузорон ва ниҳодҳои молии байнулмилалӣ, ҷалби сармоя ва, ҳамин тавр, рафъи шубҳаву гумон дар атрофи фаъъолияти ин корхона сурат гирифтааст.
«Талко» бузургтарин корхонаи саноати Тоҷикистон ва танҳо корхонаи тавликунадаи алюминий дар минтақа мебошад, ки солона то 450 000 тонна алюминий тавлид мекунад.
XS
SM
MD
LG