Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Манъи содироти маҳсулоти нафтии Қазоқистон


Вазири энергетика ва захираҳои маъдании Қазоқистон мегӯяд, манъи содироти маҳсулоти нафтии ин кишвар то моҳи сентябр идома хоҳад кард. Сауат Мунбоев ба хабарнигорон гуфт, ҳадаф аз манъи содирот танзими нархи маводи сӯхти дизелӣ ва бензин аст. То ҳол маълум нест, ки манъи содирот кай оғоз меёбад. Тасмими манъи содиротро сарвазири Қазоқистон Карим Масимов рӯзи душанбеи 19-уми май дар ҷаласаи ҳукумат эълон карда буд. Қазоқистон дорои захираи бузурги маводи сӯхт мебошад, вале болоравии нархҳо соҳаи кишоварзӣ ва муштариёнро дар ҳоли ногувор қарор додааст.
XS
SM
MD
LG