Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қаҳрамонҳои нави армрестлинги Тоҷикистон


Сабқати қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба армрестлинг ё дастхобонӣ дар шаҳри Қeрғонтеппа бо пирӯзии дастаи мунтахаби шаҳри Душанбе хотима ёфт.

Нодир Дареғӣ, раиси Федеросиюни армспорти Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки ин мусобиқа бо ширкати беш аз 100 варзишгар аз манотиқи мухталифи кишвар дар боғи фарҳангу фароғати маркази вилояти Хатлон баргузор шуд. Ӯ афзуд: «Ин мусобиқа пеш аз мусобиқоти қаҳрамонии Осиё як навъ сабқати интихобӣ маҳсуб мешуд. Қаҳрамонҳои нави Тоҷикистон дар ҳайъати дастаи мунтахаби кишвар дар мусобиқоти қаҳрамонии армрестлинги Осиё, ки моҳи августи соли ҷорӣ дар Қазоқистон доир мегардад, ширкат хоҳанд кард».
Ба гуфтаи раҳбари федеросиюн дар сабқати мардон варзишгари маъруфи кишвар Амришер Собиров, аз Душанбе, маҳорати баланд зоҳир карда, дар вазни то 90 кг ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт.
Паҳлавони дигари пойтахт Эраҷ Давлатов дар вазни то 110 кг, варзишгарони шаҳри Хуҷанд Тоҳир Тоҳиров дар вазни то 80 кг ва Фахриддин Очилов дар вазни то 100 кг, ҳамчунин ғолибони сабқатҳо, бо медалҳои тило мукофотонида шуданд.
Дар сабқати занон, бахусус, ҳунарнамоии Сурайё Қараева (шаҳри Қурғонтеппа) қобили қайд аст. Вай дар вазни то 80 кг бар ҳамаи ҳарифонаш пирӯз гардида, барои аввалин бор қаҳрамони армрестлинги Тоҷикистон гардид.
Ғолиби нахустин сабқати ҳирфаӣ
Дар шаҳри Хуҷанд нахустин сабқати варзишгарони ҳирфаӣ оид ба ҷанги тан ба тан сурат гирифт. Дар қувваозмоӣ дар вазни то 60 килограмм Шермирзо Умурзоқови хуҷандӣ, дорандаи ҷоизаи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2007, бар Шуҳрат Олимов (Душанбе) бо ҳисоби 25:10 дастболо шуд.
Ин навъи варзиш дар Тоҷикистон аз соли 2000-ум, баъди таъсиси Федеросиюни ҷумҳуриявии ҷанги тан ба тан, ки ҳоло ҳудуди 1000 нафарро муттаҳид месозад, ба роҳ монда шудааст.
XS
SM
MD
LG