Пайвандҳои дастрасӣ

Мотами серӯза дар Мянмар


Сар аз имрӯз дар Мянмар мотами серӯза ба ёди қурбониҳои тӯфони Наргис оғоз ёфт. Ҳаждаҳ рӯз пас аз офати табиӣ парчами Мянмар дар болои биноҳои ҳукуматӣ, мактабҳо ва меҳмонхонаҳо каме поин фароварда шуд. Дӯконҳои Мянмар таври маъмулӣ боз мебошанд. Тибқи омори расмӣ шумораи қурбониҳои тӯфон ба 78 000 нафар расидааст. Тахмин мешавад, ки сарнавишти 50000 каси дигар то ҳанӯз маълум нест.
Раҳбарони низомии Мянмар иддао доранд, ки хасорот аз тӯфон ба 10 миллиард доллар баробар аст. Баъди танқиди байналмилалӣ дар масъалаи аксуламали заифи мақомоти Мянмар дар муқобили тӯфон, ҳокимони низомии ин кишвар дастаҳои наҷоти кишварҳои ҳамсояро ба амалиёти рафъи оқибатҳои офат роҳ доданд. Ҳамчунон ин кишварҳо имкон пайдо кардаанд, кумакҳои хориҷиро ҳамоҳанг намоянд.
Тафсилоти ин барнома 25-уми май дар шаҳри Рангун дар конфронси кумакрасонҳо арзёбӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG