Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавофуқоти раҳбарони Озарбойҷону Туркманистон


Раҳбарони Озарбойҷону Туркманистон гуфтаанд, онҳо равобити худро дар ҳавзаи Дарёи Хазар густариш медиҳанд. Илҳом Алиев ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов-руасои ҷамоҳири Озарбойҷону Туркманистон дар Боку гуфтаанд, онҳо дар музокироти худ ба чанд созиш расидаанд. Боз кардани коридори нақлиётӣ ва ҳали мубоҳисоти марзӣ аз ҷумлаи чунин масоил будаанд. Музокироти онҳо дар бораи эҳдоси лулаи зериобии гоз ва нафти Дарёи Хазар умедворкунанда ба назар мерасад. Ин лулаҳо бояд хориҷ аз қаламрави Руссия аз қаламрави Туркия нафту гози Хазарро ба бозорҳои аврупоӣ интиқол диҳад. Амрикову Иттиҳодияи Аврупо аз ин тарҳ ҷонибдорӣ мекунанд, вале Руссия бо он мухолиф аст.
XS
SM
MD
LG