Пайвандҳои дастрасӣ

Кормандони беҳдошти хориҷӣ ба Мянмар меоянд


Сингопур мегуяд, Мианмар саранҷом розӣ шудааст, ки кормандони беҳдошти хориҷиро аз кишварҳои ҳамсоя барои вуруд иҷоза диҳад. Онҳо ба осебдидагони туфони "Наргис" кумакҳои беҳдоштӣ хоҳанд кард. Ин хабар дар мулоқоти кишварҳои узви АСЕАН ё Иттиҳоди Кишварҳои Ҷануби Шарқи Осиё садо дод. Мианмар барои ҷилавгирӣ аз вуруди кумакҳои хориҷӣ ба бештар аз дувуним милён бозмондагони туфон мавриди интиқод қарор гирифтааст. Ин туфон ду ҳафта пеш рух дода буд.
XS
SM
MD
LG