Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурӯҳи ҳамкор бо Толибон масъули куштори 11 нафар


Як гурӯҳи тундрави исломӣ, ки бо ҷунбиши Толибон иртибот дорад, масъулияти ҳамлаи интиҳорӣ дар шимоли ғарби Покистонро бар уҳда гирифтааст. Дар ин ҳамла, ки дар наздикии пойгоҳи низомии артиш рух додааст, дастикам 11 нафар кушта шудаанд. Сухангуи гуруҳи тундрави "Таҳрики Толибон" гуфтааст, афроди гуруҳи онҳо дар посух ба ҳамлаи мушакии ҳафтаи гузаштаи нируҳои машкук ба амрикоӣ, ки даҳҳо нафарро кушта бар ҷой гузоштааст, ин ҳамлаи интиҳориро анҷом додаанд.
XS
SM
MD
LG