Пайвандҳои дастрасӣ

Чингиз Айтматов дар Олмон муъолиҷа мешавад


Муъолиҷаи Чингиз Айтматов-нависандаи саршиноси Қирғизистон дар Олмон идома дорад. Вай ҳангоми филмбардорӣ дар Қазони Тотористон ба беморӣ гирфтор шуд. Табибони рус дар Тотористон гуфтаанд, гурдаи вай аз кор мондааст. Ҳоло Айтматов дар бемористоне дар Нюрнберги Олмон муъолиҷа мешавад. Табибони ин бемористон аз додани тавзеҳот дар бораи саломати нависанда худдорӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG