Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон судури нафти полударо мамнуъ эълон кард


Карим Масимов-нахуствазири Қазоқистон судури ҳар гуна нафти полуда аз кишварашро мамнуъ эълон кардааст. Ин иқдоми ҳукумат дар ҳоле ҷорӣ мешавад, ки чанд руз пеш ҳизбҳои мухолиф тақозо карданд, ки ҳукумат бояд ба истеъфо рава. Ба гуфтаи онҳо, ҳукумати кунунӣ вазъи иқтисодиро дар кишвар бадтар кардааст. Қазоқистон дорои манобеъи ғании нафту гоз аст, вале болоравии нархҳо истеъмолкунандагон, яъне бахши кишоварзии кишварро ба мушкил ру ба ру сохтааст. Муддате пеш Қазоқистон судури гандумро ба хориҷ мамнуъ карда буд ва он то моҳи сентябр ба эътибори худ боқист.
XS
SM
MD
LG