Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мянмар ба вуруди хориҷиён иҷоза дод


Мақомоти Мянмар ахиран ба хотири қурбониёни тӯфон барои се рӯз дар кишвар мотами миллӣ эълон карданд. Дар ин бора телевизиони ҳукуматии Мянмар хабар дод.
Имрӯз хунтаи низомӣ оқибат ба вуруди табибони хориҷӣ барои кумак ба офатзадагони тӯфон розӣ шуд. Дар нишасти АСЕАН ваё Анҷумани кишварҳои Осиёи Ҷанубу шарқӣ дар Сингапур вазири хориҷаи ин кишвар Ҷорҷ Ео гуфт, ки мақомоти Мянмар барои қабули гурӯҳи табибон аз кишварҳои узви АСАЕН изҳори омодагӣ кардаанд. Ва аммо ӯ афзуд, ки "ироаи кумаки байнулмилалӣ ба Мянмар тавассути АСЕАН набояд ангезаи сиёсӣ дошта бошад".

Мақомоти низомии Мянмар борҳо барои он танқид шудаанд, ки ба вуруди гурӯҳҳои наҷотбахшӣ ва табибони хориҷӣ ба минтақаи осебдида аз тӯфон иҷоза намедоданд. Гуфта мешавад, ки бар асари тӯфони “Наргис” дар ин Мянмар 134 ҳазор ба ҳалокат расида ваё беному нишон ғайб задаанд.

XS
SM
MD
LG