Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози ронандаҳои афғонистонӣ дар марз


Аз оғози сол тавассути пули нав дар рӯи дарёи Панҷ 10 ҳазор мошини борбар убур кардааст
Аз оғози сол тавассути пули нав дар рӯи дарёи Панҷ 10 ҳазор мошини борбар убур кардааст

Як гурӯҳ ронандаҳои афғонистонӣ бо нишони эътироз дар минтақаи марзии Шерхон роҳи ҳаракати мошинҳои борбари тоҷик ба Афғонистонро банд карданд.

Сабаби эътирози ронандаҳои афғонистонӣ созишномаи миёни Тоҷикистон ва Афғонистон дар мавриди убури тронзитии марз мебошад, ки бар тибқи он мошинҳои боркаши Афғонистон бояд бори худро то терминоли ноҳияи Қумсангир ва мошинҳо борбари Тоҷикистон бори худро то шаҳри Қундуз интиқол диҳанд. Ронандаҳои афғонистонӣ талаб доранд, ки бояд онҳо бори худро то шаҳри Душанбе аз тариқи нақлиёти худ расонанд ва гӯё аснодеро дар ин маврид рӯи даст доранд.

Ба гуфтаи вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон, ин амали ронандаҳои афғон хилофи тавофуқоти миёни ин ду кишвар аст. Худоёр Худоёров, муовини вазири нақлиёт ва коммникатсияи Тоҷикистон мегӯяд, ин дар ҳолест, ки дар мулоқоти ахир бо намояндагони вазорати нақлиёт ва ҳавонавардии Афғонистон ба тавофуқ расиданд, ки то замони тармими ҷодаҳо аз Панҷи Поён то шаҳри Қурғонтеппа интиқоли бор бо мошинҳои борбари Афғонистон то ноҳияи Қумсангир сурат хоҳад гирифт. Ва дар зимн вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон ва намояндагони вазорати нақлиёт ва ҳавонавардии Афғонистон тасмим гирифтаанд, ки рӯзи сешанбе бо ин масъаларо баррӣ намуда ва ба ҳузури ронандаҳо ба бандари шерхон раванд, то асли тавофуқоти бадастомадаро ба онҳо бори дигар муаррифӣ кунанд.

Ин дар ҳолест, ки сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон ба эътирози ронандаҳои афғон дар марз бо Тоҷикистон ҳозир нашуданд, ки назари иброз кунанд ва аммо ин сафорат мегӯяд, дар зудтарин фурсат сари ин масаъала посухи расмии худро баён хоҳад кард.

Сар аз моҳи сентябри соли гузашта интиқоли молу коло ва равуои шаҳрвандони кишвар ба ҷониби муқобил аз тариқи пули ба тозагӣ болои рӯдхонаи Панҷ бунёдшуда сурат мегирад ва сар аз оғози соли ҷорӣ тақрибан 10 ҳазор мошинҳои борбар ин марзро убур кардаанд. Ҳамчунин вазорати нақлиёт ва коммуникатсиия Тоҷикистон мегӯяд, дар минтақаи Панҷи Поён терминоли бузурге бунёд хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG