Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон


Мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон баъди танаффуси дуҳафтаина 20-уми май бо дидори дастаҳои «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа ва «Равшан»-и Кӯлоб аз сар гирифта хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, қаҳрамони феълии футболи Тоҷикистон, ки аз 6 бозӣ 16 имтиёз ба даст овардааст, дар садри ҷадвали мусобиқот қарор дорад.

Дастаҳои «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров ва «Динамо»-и Душанбе 12-имтиёзӣ гирифтаанд. Вале аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо «Парвоз» дар зинаи дуввум ва «Динамо» дар зинаи севвум ҷойгир шудаанд. Инчунин «Парвоз» ду бозӣ камтар анҷом додааст.

Дастаи «Энергетик»-и Душанбе бо 3 имтиёз байни 12 тими лигаи олӣ дар зинаи охирини ҷадвали мусобиқот қарор дорад.

Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1.

«Регар» ТадАЗ

6

5

1

0

22-5

16

2.

«Парвоз»

4

4

0

0

10-1

12

3.

«Динамо»

6

3

3

0

9-5

12

4.

«Хуҷанд»

5

3

1

1

4-2

10

5.

«Тоҷиктелеком»

5

3

0

2

11-7

9

6.

CSКА «Помир»

7

3

0

4

5-10

9

7.

«Вахш»

5

2

1

2

5-4

7

8.

«Саройкамар»

8

1

2

5

10-18

5

9.

«Равшан»

6

1

1

4

6-13

4

10.

«Гвардия»

6

1

1

4

7-16

4

11.

«Энергетик»

6

1

0

5

8-16

3

Ҳамлагари тими «Регар» ТадАЗ Бахтиёр Ҳасанов, ки ба дарвозаи рақибонаш ҳамагӣ 7 тӯб задааст, дар айни ҳол беҳтарин голзани мусобиқот маҳсуб мешавад.

XS
SM
MD
LG