Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳимояти Теҳрон аз "ҲАМОС" ва "Ҳизбуллоҳ"


Теҳрон гурӯҳи фаластинии “ҲАМОС” ва “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнонро “неруҳои наҷиб ва маъруфи Ховари Миёна” мехонад. Ин изҳорот имрӯз аз сӯи намояндаи вазорати хориҷаи Эрон Муҳаммад Алӣ Ҳусайнӣ садо дод.

Аз ин пеш Ҷорҷ Буш, раисиҷумҳури ИМА ин гурӯҳҳоро дар муташанниҷ сохтани вазъи минтақа айбдор карда буд. Зимни суханронӣ дар Миср Буш гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ”-ро “душмани ҳама миллатҳо” номид ва изҳор намуд, ки “ҲАМОС” бо амалҳои террористии худ мехоҳад талошҳои дарёфти сулҳро ноком кунад.
XS
SM
MD
LG