Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО нерӯҳояш дар марзи Покистонро таҳким бахшид


Ҳайати фармондеҳии НАТО дар Афғонистон тасмим гирифт нерӯҳои мустақар дар марз бо Покистонро тақвият бахшад. Генерал Дэн МакНейл ба хабаргузории Рейтер гуфт, ки ин тасмим бо афзоиши ҳамлаҳои мусаллаҳони Толибон ба манотиқи марзӣ бастагӣ дорад. Ӯ афзуд, музокироти сулҳи мақомоти Покистон бо Толибон ба гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Афғонистон имкон додааст, ки нерӯҳои худро барои ҳамла ба қаламрави Афғонистон сафарбар кунанд.

Ба иттилоъи НАТО, ҳамлаҳои толибон ба минтақаи ҳаммарз бо он маҳалҳои Покистон афзоиш ёфтааст, ки он ҷо мақомоти Покистон бо Толибон музокироти сулҳ доир кардаанд.

XS
SM
MD
LG