Пайвандҳои дастрасӣ

Поёни боздиди расмии Ҷорҷ Буш аз Ховари Миёна


Ҷорҷ Буш ва Абдуллоҳ бин Абдулазиз, шоҳи Арабистони саъудӣ, дар ар-Риёз

Ҷорҷ Буш ва Абдуллоҳ бин Абдулазиз, шоҳи Арабистони саъудӣ, дар ар-Риёз

Боздиди расмии Ҷорҷ Буш, раисҷумҳури Иёлоти муттаҳидаи Амрико, аз кишварҳои Ховари Миёна, ки 5 рӯз идома дошт, ба поён расид.

Ӯ дар поёни ин силсилабоздидҳо дирӯз аз раҳбарони кишварҳои Ховари миёна хост, ки «барои густариши демократия, таъмини озодиҳои шаҳрвандӣ дар минтақа ва дар инзиво қарор додани кишварҳои ҳомии терроризм фаъъолияти худро густариш диҳанд».
Ҷорҷ Буш ин нуктаро зимни суханони худ дар Маҷмаъи ҷаҳонии иқтисодӣ дар Шарм-уш-Шайхи Миср изҳор намуд. Дар ин маҷмаъ садҳо нафар сиёсатмадорони ҷаҳон ва раҳбарони ширкатҳои тиҷоратӣ ҳузур доштанд. Ҷорҷ Буш зимни суханони худ аз раҳбарони кишварҳои минтақа, ки кишварҳояшон барои нақзи ҳуқуқи башар мавриди интиқод қарор гирифта буданд, даъват кард, ки дар ин самт фаъъолияти худро тақвият диҳанд: "Аксар вақт сиёсати Ховари миёна аз як нафар дар сари қудрат ва мухолифон дар паси панҷара иборат будааст".
Ҷорҷ Буш дар порлумони Исроил
Буш аз ҳамаи кишварҳои минтақа дархост кард, ки зиндониёнро ба виҷдони онҳо ҳавола кунанд, бо онҳо мунозираи сиёсӣ ороянд ва ба онҳо бовар кунанд, ки ояндаи худашонро бисозанд. Раиси ҷумҳури Амрико ҳамчунин таъкид кард, ки ягона роҳи итминонбахши таъмини пешрафт густариши озодиҳои сиёсиву иқтисодист. Буш ҳамчунин аз кишварҳои арабии тавлидкунанаи нафт хост, ки иқтисоди худро равнақ диҳанд: "Бо гузашти вақт ҳар қадр, ки пойбандии ҷаҳон ба нафт камтар шавад, ба ҳамон андоза кишварҳои Ховари миёна бахшҳои гуногун ва муҳаррики иқтисодӣ хоҳанд дошт".
Дар ҳамин ҳол, раисҷумҳури ИМА аз ҳамаи кишварҳои минтақа даъват кард, ки якҷо бар зидди «Ҳамос» муқовимат кунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки «Ҳамос» назорат бар минтпқаи Ғазаро дар ихтиёр дорад ва талош мекунад кӯшишҳои сулҳҷуёнаро ба ҳам бизанад.
Ҷорҷ Буш ҳамчунин аз кишварҳои арабӣ хостор шуд, то ба «Ҳизбуллоҳ»-и Лубнон мухолифати худро нишон диҳанд.
Дидори Ҷорҷ Буш ва Шимон Перес, президенти Исроил, дар Байтулмуқаддас
«Ҳизбуллоҳ» дар авоили моҳи май бар зидди нерӯҳои эътилофи давлатӣ вориди даргирӣ гардид, ки дар онҳо 60 нафар кушта шуданд.
Дар Маҷмаъи ҷаҳонии иқтисодӣ яке дигар аз паёмҳои муҳимми Ҷорҷ Буш ба раҳбарони кишварҳои Ховари миёна ин буд, ки онҳо Эрону Сурияро водор созанд, то ин ду кишвар аз ҳимояти террористҳо даст бардоранд.
Раиси ҷумҳури Амрико аз ҷумла худ мутазаккир шуд, бовар дорад, ки соли ҷорӣ дар Ховари миёна сулҳ таъмин хоҳад шуд. Вале, дар ҳамин ҳол, вай ба Исроил ва арабҳо ҳушдор дод, ки барои расидан ба ин сулҳ онҳоро лозим аст ба ҳам гузашт кунанд.
Боздиди раисҷумҳури ИМА аз Ховари Миёна панҷ рӯз идома кард, ки бо ширкати Ҷорҷ Буш дар маросимҳои 60-умин солгарди ташкили давлати Исроил оғоз шуда буд.
XS
SM
MD
LG