Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Афғонистон бамгузори интиҳорӣ 4 нафарро кушт


Дируз як бамгузори интиҳорӣ худро дар назди корвони пулис дар вилояти Ҳилманди Афғонистон мунфаҷир сохт. Дар ин ҳодиса 4 ғайринизомӣ кушта, 8 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Муҳаммад Ҳусейн Андивол-раиси пулиси вилояти Ҳилманд гуфтааст, зоҳиран бамгузори Толибон раиси пулиси вулусволии Мусоқалъаро ҳадаф қарор дода буд. Раиси пулис осеб надидааст. Дируз дар вилояти Зобул як сарбози нируҳои амрикоӣ низ дар натиҷаи инфиҷори бами роҳ ҷони худро аз даст дод.

XS
SM
MD
LG