Пайвандҳои дастрасӣ

Се рӯзи мотами миллӣ дар Чин


Чин имрӯз се рӯзи мотами миллиро барои поси хотири қурбониҳои зилзилаи шадиди ҳафтаи гузашта ҷорӣ кард. Дар ҳоли ҳозир шумори қурбониҳо беш аз 32 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Шӯрои давлатии Чин гуфт, ки маросими мотам рӯзи душанбе шурӯъ мешавад ва дар ин рӯз ҳама сокинони Чин бояд барои поси хотири гузаштагон се дақиқа хомӯш шаванд. Ҳама парчамҳои миллӣ дар дохили кишвар ва дар намояндаҳои дипломатии хориҷ аз он поин бурда мешавад. Аз ҷумла, қарор шуд, ки эстафетаи машъали Олимпӣ ҳам барои се рӯз мутаваққиф шавад. Дар пайи зилзилаи шадиде, ки ҳафтаи гузашта рух дод, то ҳол даҳҳо ҳазор нафар беному нишон дониста мешаванд.
XS
SM
MD
LG