Пайвандҳои дастрасӣ

Бан Ки Мун ба Мянмар хоҳад рафт


Дабири кулии СММ Бан Ки Мун дар миёнаҳои ҳафтаи нав ба Мянмар сафар карда, мавзӯи амалиёти имдодрасониро, дучори мушкил шудааст, баррасӣ хоҳад кард. Сухангӯи оқои Бан - Мишел Монтас дар сӯҳбат бо хабаргузории Ройтерс гуфт, ки интизор аст, раҳбари СММ рӯзҳои чоршанбе-панҷашанбе вориди ин кишвар шавад. Дар ҳамин ҳол, хабарнигори Ассошейтед Пресс аз шаҳри Янгон хабар додааст, ки тибқи иттилои телевизиони давлатии ин кишвар, раҳбари низомии Мянмар генерал Тан Шве барои нахустин бор аз қароргоҳи паноҳандагон дидан кард. Мақомоти Мянмар мегӯянд, баъди тӯфони "Наргис", ки дар таърихи 2 май ба ин кишвар ҳамла кард, 78 ҳазор нафар фавтида 56 ҳазор тани дигар беному нишон шудаанд. То ҳол мақомоти кишвари низомиву бастаи Мянмар гирифтани аксар кӯмаҳои байналмилалиро рад кардаанд.
XS
SM
MD
LG