Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирози сокинони Неапол аз партовгоҳҳо


Сокинони Неаполи Итолиё хиёбонҳои ин шаҳри ҷанубии кишварро иҳота карда, бо ин роҳ алайҳи мушкили поккории партовгоҳҳои дохилишаҳрӣ эътироз мекунанд. Феълан дар кӯчаву хиёбонҳои ин шаҳр ҳудудан 5000 тон партовҳои хонагӣ хоб аст, ки бо сабаби адами фаъолияти низоми поккории ахлотҷойҳо ин масъаларо ба як бӯҳрони чандинмоҳаи Неапол табдил додааст. Мақомот гурӯҳҳои мафиоии маҳаллиро дар чунин вазъ гунаҳгор дониста мегӯянд, ки онҳо манфиатдори ҷамъоварии партовгоҳҳо ҳастанд, чунки аз коркарди дубораи он даромад ба даст меоранд.

XS
SM
MD
LG