Пайвандҳои дастрасӣ

Кӯмакҳои хориҷӣ вориди Чин мешавад


Дар ҳамин ҳол, ҳавопаймоҳои низомии амрикойӣ, ки ҳомили кӯмакҳои башарӣ ҳастанд, ба минтақаи ҷанубу ғарби Чин барои кӯмак ба зарардидаҳои зилзилаи шадиди ҳафтаи гузашта расиданд. Ин кӯмакҳо бахше аз ёриҳои байналмилалист, ки ба мардуми Чин дар ин рӯзҳои сахт карда мешавад. Хабаргузории Синҳуа мегӯяд, ки то имрӯз ба маблағи 860 миллион доллар кӯмаки хориҷӣ вориди ин кишвар шудааст. Илова ба он, дар маҳалҳои офатзада гурӯҳҳои имдорасони Ҷопон, Русия, Сингапур, Кореяи Ҷанубӣ ва Тайван амал мекунанд.

XS
SM
MD
LG