Пайвандҳои дастрасӣ

Раисҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш дар Миср аз раҳбарони минтақаи Ховари Миёна тақозо кард, ки зидди Ҳамос иқдом кунанду пеши роҳи Эрону Сурияро дар самти пуштибонӣ аз терроризм бигиранд. Инчунин вай ба масоили озодиҳои иқтисодиву сиёсӣ чун гарави сулҳу суботи минтақа пардохт. Суханронии Ҷорҷ Буш дар ҳамоиши иқтисодии ҷаҳон дар Шарм-уш-Шайх сурат гирифт, ки садҳо сиёсатмадорону раҳбарони тиҷоратиро гирди ҳам меорад.

Энтони Блуа

Дар нусхаи матни суханронии Буш омадааст, ки танҳо роҳи воқеии пешрафт ва шукуфоӣ тавсеаи озодиҳои сиёсиву иқтисодӣ мебошад. Суханроние, ки қарор аст сафари панҷрӯзаи Бушро ба минтақа анҷом диҳад, дар муроҷиат ба давлатҳои арабӣ тақозо хоҳад шуд, ки иқтисоди кишварҳои худро гуногунсамт гардонанд, ба ин далел, ки захираҳои нафт маҳдуд мебошад. Дар матни суханронии Буш инчунин таъкид мешавад, ки ба эътимоди қавии вай расидан ба сулҳи Ховари Миёна дар соли ҷорӣ як амали имконпазир мебошад. Вай инчунин аз ҳама кишварҳои узви минтақа таақозо кард, ки дар роҳи муқобила бо Ҳамос, ки минтақаи Ғаззаро таҳти контроли худ нигаҳ медорад, шона ба шонаи ҳам биистанд. Масъалаи пуштибонии терроризм аз ҷониби Сурияву Эрон ва барномаи ҳастаии Ҷумҳурии Исломӣ, ки мояи ташвиши ҷиддии Ғарб мебошад, инчунин дар меҳвари ин изҳорот қарор хоҳад гирифт.

Боздиди Буш аз Ховари Миёна бо иштирок дар ҷашнҳои 60-солагии таъсисёбии давлати Исроил шурӯъ шуд. Рӯзи 17 май, зимни мулоқоти рӯбарӯ бо раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуди Аббос дар Шарм-уш-Шайх раиси ҷумҳурии Амрико хеле эҳсосотӣ буд ва гуфт:

"Вақте ман ба истеъдодҳои азими мардуми Фаластин, ки беҳуда талаф мешавад, назар мекунам, қалбам фишурда мешавад. Онҳо мардуми хуб, ҳушманд ва тавоно ҳастанд, ки шонси бунёди як кишвари шукуфоро доранд".

Бо ин ки боздиди Буш аз минтақа ба анҷом мерасад, вай ният дорад ба масъалаи муборизаи зидди терроризми ҷаҳонӣ таваҷҷӯҳи вижа кунад. Рӯзи шанбе инчунин мулоқоти Ҷорҷ Буш бо раиси ҷумҳурии Афғонистон Ҳомиди Карзай ва нахуствазири нави Покистон Юсуф Ризо Гелонӣ доир шуд. Дар сӯҳбат бо оқои Гелонӣ вай ба зарурати тақвияти вазъи иқтисодии Покистон, ки феълан дучори мушкили ҷиддии камбуди ғизо шудааст, таъкид кард. Буш гуфт, ки хуб мешуд агар Покистон ба Афғонистони ҳамсояаш дар кишти бештари ғаллаву гандум, на хашхош кӯмак мекард.

"Ман ба нахуствазир гуфтам, як коре, ки мо дар пайи сӯҳбат бо раиси ҷумҳурии Афғонистон карда метавонем, ин кӯмак ба Афғонистон дар кишти гандум аст. Ба Афғонистон кӯмак кунем, ки худкифо бошанд, то ки фишори мардуми Покистон камтар шавад".

Нахуствазири Покистон Гелонӣ тааҳҳуд намуд, ки зидди тундгароӣ чун як зуҳуроти "зиддиинсонӣ" ва "зиддиҷаҳонӣ" дар кишвараш мубориза хоҳад бурд.

XS
SM
MD
LG