Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фиристодаи СММ ба Мянмар меравад


Фиристодаи СММ дар умури кӯмакҳои башарӣ имрӯз қарор аст дар мулоқот бо раҳбарияти Мянмар масъалаи дастрасии бештари ходимони имдодрасони СММ-ро барои муқобила бо паёмадҳои тӯфони маргбор дар миён гузорад. Ҷон Ҳолмс қарор аст номаеро аз номи Дабири кулли СММ Бан Ки Мун ба раҳбари Мянмар Тан Шве, ки мулоқотро бо оқои Бан рад кардааст, таслим кунад. Мақомоти Мянмар мегӯянд, баъди тӯфони "Наргис", ки дар таърихи 2 май ба ин кишвар ҳамла кард, 78 ҳазор нафар фавтида 56 ҳазор тани дигар беному нишон шудаанд. То ҳол мақомоти кишвари низомиву бастаи Мянмар гирифтани аксар кӯмаҳои байналмилалиро рад кардаанд.
XS
SM
MD
LG