Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешгӯии рушди заъифтари иқтисодӣ дар шӯравии собиқ


Бонки Аврупоии бозсохт ва рушд пешгӯӣ мекунад, ки имсол рушди иқтисодии ҷумҳуриҳои пешини шӯравӣ бо суръати суст афзоиш меёбад. Далели инро бонк дар болоравии мизони таваррум бо сабаби бӯҳрони қарзие мегӯяд, ки дар саросари ҷаҳон ба миён омадааст. Дар нишасти солонаи ин бонк, ки барои бори 17-ум дар Киев доир мешавад, нишондодҳои тавлиди нохолиси дохилӣ ба ҳисоби миёна дар ҷумҳуриҳои мисли Қазоқистону Молдова, Русияву Украина дар сатҳи 6 % қарор хоҳад гирифт. Соли 2007 Бонки Аврупоии бозсохт ва рушд 7,3 % рушдро дар ин минтақа ба қайд гирифтааст.

XS
SM
MD
LG