Пайвандҳои дастрасӣ

Як ҳиндуву непалӣ аз банд раҳо шуданд


Ду шаҳрванди хориҷие, ки тайи ҳудудан як моҳи охир дар дасти гурӯҳи одамрабоёни Афғонистон қарор доштанд, озод шуданд. Як маъмури истихборотии Афғонистон дар сӯҳбат бо хабаргузории Франс Пресс гуфт, ки хадамоти амниятии ин кишвар як шаҳрванди Непал ва як ҳиндуро дар ҷараёни амалиёте дар вилояти ғарбии Ҳирот озод карданд. Оқои Ҳабибулло Ҳабиб афзуд, ки раҳбари ин ҳалқаи рабояндагон ҳамчунин боздошт шудааст. Хориҷиҳо кормандони шартномавие буданд, ки замони саёҳат ба самти минтақаи Адраскони воқеъ дар марз бо Эрон рабуда шуданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG