Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буш ба Саъудия посух дод


Раиси ҷумҳурии Амрико Ҷорҷ Буш гуфт, ки барояш шунидани хабари ин ки Арабистони Саъудӣ тавлиди нафтро афзун кардааст, хушоянд аст, аммо "ин кофӣ нест", гуфт вай. Рӯзи 10 май шоҳигарии Саъудӣ тасмим гирифт, ки истихроҷи нафтро афзоиш дода, рӯзона то 300 ҳазор бушка расонад. Буш гуфт:

"Бо як дарде ман дар мулоқот бо шоҳи Саъудӣ Абдуллоҳ рӯзи ҷумъа гуфтам, ки "шумо бояд аз таъсири қиматҳои баланди нафт ба вазъи иқтисодии бузургтарини масрафкунандаи ҷаҳон нигарон бошед. Ва на фақат ин. Қиматҳои баланд кишварҳои мисли Амрикоро водор мекунад, ки ҳаракотамонро ба самти энержии алтернативӣ тавсеа бахшем".

Буш рӯзи шанбе гуфт, ки ИМА бояд тавонмандиҳои худро барои тасфияи нафт афзоиш дода, риштаи энержии ҳастаиро вусъат бахшад ва ба хотири коҳиши бӯҳрон, роҳҳои алтернативии энержиро ҷустуҷӯ кунад.
XS
SM
MD
LG