Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳбари мухолифини Русия Гарри Каспаров рӯзи 17 май ҷаласаи "парлумони алтернативӣ"-ро раҳбарӣ кард, ки мегӯяд, ҳадафаш барқарории демократия ва ҳукумати мардумӣ дар Русия мебошад.

Ҳамоиши мазкур, ки ташаббускораш эътилофи "Русияи дигар"-и Каспаров мебошад, худро ба унвони Маҷмаъи миллии кишвар муаррифӣ кардааст. Каспаров гуфт, ки ин ҳамоиш вакилонро аз саросари Русия гирди ҳам овардааст. Дар ин ҳамоиш, ба иддаои Каспаров, 500 фаъоли мухолифин иштирок карданд. Дар суханронии худ, вай ҳукумати Русияро дар эҷоди як низоми феодалӣ маҳкум кард. Вай инчунин бархе аҳзоби асосии мухолифинро танқид кард, ки нахостанд дар ин ҳамоиш ҳузур дошта бошанд. Вай аз ҳизбҳои "Яблоко" ва Иттиҳодияи нирӯҳои ростгаро ё СПС ном бурд. Гарри Каспаров қабл аз шурӯи кори ин ҳамоиш дар сӯҳбат бо бахши русии радиои Озодӣ гуфт, вай ҳанӯз намехоҳад, ки дар бораи ин ҳамоиш чун як парлумони алтернативӣ сӯҳбат шавад.

Эдуард Лимонов, яке дигар аз раҳбарони "Русияи дигар" гуфт, ки Путин ва муттафиқони вай мехоҳанд, ки қудратро тамоми умр дар дасти худ нигаҳ доранд. Вай гуфт, "мо монополияи қудратро хароб хоҳем кард".

Дар миёни ширкатдорони ин ҳамоиш мушовири собиқи президент дар масоили иқтисодӣ Андрей Илларионов, собиқ мушовири давлатии иқтисодӣ Михаил Делягин ва раиси пешини Бонки марказии Русия Виктор Герашенко ҳузур доштанд.

Дар изҳороти қабулшудаи ин ҳамоиш ҳозирин ҳукуматро дар он муттаҳам карданд, ки Русияро дар вартаи як фалокати миллӣ қарор дода, арзишҳои бунёдии ҷомеаи демократӣ - ҳуқуқи инсон, аз ҷумла озодии баён, озодии ташкили ҳамоишҳоро халалдор месозад. Иқдоми мазкурро аксар таҳлилгарон чун талоши Каспаров барои муттаҳид кардани нирҳоӯи мухолифин дар муқобили ҳукумати раисҷумҳури пешин Владимир Путин ва раҳбари нави ин кишвар Дмитрий Медведев қаламдод карданд.

Аммо таҳлилгарон мегӯянд, ки мухолифини Русия чунон парокандаву номуттаҳид ҳастанд, ки эҳтимол аст аз фаъолияти ин Маҷмаи миллӣ ҳосиле ба даст ояд. Яке аз онҳо хабарнигори бахши русии радиои Озодӣ дар Маскав Олег Кусов аст. Вай дар кори парлумони алтернативии Русия иштирок кард ва дар мусоҳиба бо мо гуфт:

"Тавре мушовири пешини раисҷумҳур дар масоили иқтисодӣ Илларионов гуфт, ин ҷо на намояндаҳои мухолифин, балки нафарони дорои мавқеи худ гирди ҳам омадаанд. Онҳо мегӯянд, ки роҳи демократии рушди ҷомеаро интихоб карда ба арзишҳои либералӣ вафодор ҳастанд. Аммо эҳсоси шахсии ман ин буд, ки ҳамоиши нафарони мисли Илларионов, Каспаров ё раҳбари КПСС Олег Шенин хеле ғайриоддӣ менамояд. Шенин августи соли 1991 котиби ГКЧП буд. Аммо бо вуҷуди чунин мухталиф ва гуногунсамт будани ин гурӯҳҳо, онҳо мегӯянд, ки кӯшиш мекунанд, аз вуҷуди ихтилофҳо дар миёни худ ҷилавгирӣ кунанд. Онҳо мегӯянд, ки ба ҳайси як нирӯи созанда ба самти ҳадафи худ, яъне, ба қавли Лимонов, "аз қудрат дур кардани гурӯҳи Путин" ҳаракат хоҳанд кард".

Олег Кусов, хабарнигори бахши русии радиои Озодӣ афзуд, ки нияти мухолифин ташкили майдони сиёсие барои фаъолияти озод ва баробарвазн дар муқобили ҳукумат аст. Онҳо мехоҳанд, тавассути ҷалби фаъолони худ аз манотиқи дурдасти кишвар, як маҷлис ё парлумони алтернативии худро ташкил кунанд. Аксар фаъолони мухолифин гуфтанд, ки аъзои Думаи давлатии Русия на интихоб, балки аз ҷониби мақомоти имрӯзаи кишвар таъйин шудаанд. Олег афзуд:

"Баъзе аз онҳо мегӯянд, азбаски ҳайати имрӯзаи Дума ғайриқонунӣ мебошад, дигар шохаҳои давлатӣ ва ҳукумати Путин ҳам ғайриқонунӣ аст. Ва бо ҳамин сабаб ҳам онҳо мехоҳанд ҳукумати мардумиро барқарор кунанд, ва аммо то ҳол мушаххас нест, ки оё онҳо бо кадом роҳ мехоҳанд ба ин ҳадафи худ бирасанд. Ба ҳар ҳол, феълан ба ҷуз изҳороти умумӣ ва суханҳои умумӣ ман аз онҳо чизи дигар нашунидам".

Хабарнигори радиои Озодӣ гуфт, ки то ҳол мақомоти Русия ба ин ҳамоиши мухолифин вокуниш нишон надоданд, ҳарчанд субҳ, вақти шурӯи кори ин нишаст, гурӯҳе аз созмони бо исми "Гвардияи ҷавон", ки аз Кремл пуштибонӣ мекунад, намоиши эътирозии худро дар наздикии сохтмони ин толори маҷлисӣ дар Маскав доир намуд.

Маҷмаи миллии мухолифини Русия танҳо як рӯз давом кард.

XS
SM
MD
LG