Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Роҳхати Тоҷикистон ба даври ниҳоӣ


Тими миллии футболи Тоҷикистон ба сабқати ниҳоии Ҷоми челенҷ кап ё Ҷоми даъвати AFC - Конфедеросиюни футболи Осиё - роҳ ёфт.

Футболбозони тоҷик дар се бозии интихобӣ дар Филиппин 7 имтиёз ба даст оварда, дар гурӯҳи «В» мақоми аввалро касб карданд. Онҳо нахуст бар тими Бутан бо натиҷаи 3:1 пирӯз гардида, сипас бозиро бо тими мизбон – Филиппин бо натиҷаи мусовии 0:0 анҷом доданд ва дар севвумин дидори худ бар дастаи Бруней бо ҳисоби бузурги 4:0 ғолиб шуданд. Ҳафт голи Тоҷикистон дар ин бозиҳо ба се нафар мансуб аст. Юсуф Рабиев ва Нӯъмонҷон Ҳакимов сеголӣ ва Ҷомихон Муҳиддинов як гол ба самар расонданд.

Тими мизбон – Филиппин низ 7 имтиёз ба даст овард, вале таносуби тӯбҳои дастаи Тоҷикистон (7-1) беҳтар аст, бинобар ин Филиппин (4-0) дар мақоми дуввум қарор гирифт ва аз ҳаққи ширкат дар даври ниҳоии Ҷоми даъвати АФК маҳрум гардид.

Бад-ин тартиб то ҳоло 7 дастаи ширкаткунандаи сабқати ниҳоӣ муайян шудаанд. Инҳо тимҳои миллии Куриёи Шимолӣ, Туркманистон, Мянмар, Ҳиндустон (мизбони сабқати ниҳоӣ), Шри-Ланка – ғолиби гурӯҳи «А», Афғонистон – ғолиби гурӯҳи «С» ва Тоҷикистон – ғолиби гурӯҳи «В» мебошанд.

Барои роҳхати охирин ба даври ниҳоии Ҷоми даъвати AFC, ки аз 30-юми июл то 10-уми августи соли ҷорӣ дар шаҳри Ҳайдарободи Ҳиндустон баргузор мешавад, дастаҳои гурӯҳи «D» талош мекунанд. Сабқати ин гурӯҳ бо ширкати се даста – Камбоҷа (мизбони сабқат), Макао ва Непал аз 24-ум то 28-уми май дар шаҳри Пномпен доир мегардад. Дастаи чаҳоруми гурӯҳи «D» - Фаластин аз иштирок дар ин сабқат даст кашид.

Ёдовар мешавем, ду сол пеш дастаи Тоҷикистон дар Бангладеш дар бозии ниҳоӣ бар тими Шри-Ланка бо натиҷаи 4:0 пирӯз шуда, аввалин барандаи Ҷоми даъвати AFC гардида буд. Ғолибони Ҷоми даъвати AFC дар солҳои 2008 ва 2010 ба Ҷоми Осиё-2011 роҳхат мегиранд.

XS
SM
MD
LG