Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Задухӯрди ҳаводорони хунгарми футбол дар Теҳрон


Хабаргузории расмии Ҷумҳурии Исломии Эрон - ИРНО мегӯяд, ки рӯзи шанбе дар Теҳрон пеш аз шурӯи бозии футбол байни ду тими маҳаллии "Персеполис" ва "Сипоҳони Исфаҳон" ҳадди ақал 100 нафар тамошобин захмӣ ва ба бемористон мунтақил шуданд. Ҳамчунин 200 нафар тамошобин ҳам, ки захмҳои сатҳӣ доштанд, дар маҳаллӣ варзишгоҳи "Озодӣ" мавриди муроқибати табибон қарор гирифтанд. Ба навиштаи ИРНО, ба иллати пур шудани зарфияти варзишгоҳ ҳудуди 10 ҳазор нафар пушти дарҳои баста монданд. Бо вуҷуди ин, мақомот баргузории бозиро манъ накарданд.

XS
SM
MD
LG