Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муборизаи ҳоккейбозони Канадаву Русия барои тилло


Канадаву Русия дар бозиҳои ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии ҳоккей рӯзи якшанбе қувваозмоӣ мекунанд. Дар бозиҳои ниманиҳоии рӯзи ҷумъа Канада бо ҳисоби 5 бар 4 Шветсияро мағлуб кард ва Русия бо ҳисоби шиканандаи 4 бар сифр бар Финландия пирӯз шуд. Ҳамакнун, дастаҳои ин ду кишвар бояд барои бурдани нишони тиллои мусобиқот мубориза баранд. Сабқати мазкур дар пешорӯи таҷлил аз 100-умин солгарди бозиҳои Федератсияи байналмилалии ҳоккей баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG