Пайвандҳои дастрасӣ

Обама: "Сиёсати Буш душманҳоро пурзӯр мекунад"


Номзади демократҳо дар интихоботи президентии ИМА Барак Обама гуфт, ки "сиёсати нокоми" раиси ҷумҳурӣ Буш душманҳои мисли Эрон ва Ҳамосро пурзӯр кардааст. Зимни вокуниш ба изҳороти Буш, ки рӯзи панҷшанбе гуфта буд, онҳое, ки мехоҳанд бо Эрон вориди гуфтугӯ шаванд, шабеҳи нозиҳои давраи пеш аз ҷанги дуюми ҷаҳон ҳастанд, Обама Бушро дар ҳамлаи манфуре муттаҳам кард, ки кишварро тақсим карда аз дигар бахши ҷаҳон ҷудо мекунад. Обама инчунин дар суханронии худ Буш ва номзади ҷумҳурихоҳҳо Ҷон Маккейнро дар баҳсҳои сари сиёсати хориҷӣ ба чолиш кашонд. Рӯзе пеш аз суханрониҳои Обама суханронии Буш дар парлумони Исроил чун ҳамла ба демократҳо арзёбӣ шуда буд.
XS
SM
MD
LG