Пайвандҳои дастрасӣ

29000 қурбонии зилзилаи Чин


Як мақоми ҳукумати Чин таъйид кард, ки шумори қурбониҳои зилзилаи ахир дар минтақаи Сичуан мунҷар ба марги 29 ҳазор нафар шудааст. Гуо Веймин, сухангӯи Шӯрои давлатии Чин гуфт, ки ҳудудан 200 ҳазор нафар ҷароҳат бардоштаанд. Ҳукумати Чин қаблан гуфта буд, ки эҳтимол дорад шумори қурбониҳои ин офати табийӣ то 50 ҳазор нафарро ташкил диҳад. Дар пайи ин ҳодиса, ҳудудан 4,8 миллион нафар аз манзилҳои худ маҳрум шуданд. Бо гузашти беш аз 110 соат аз вуқӯи зилзила, рӯзи шанбе се нафар, аз ҷумла як ҷаҳонгарди олмонӣ аз зери овор зинда берун кашида шуданд.
XS
SM
MD
LG